Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ШАШМОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

Дар толори калони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон Маҷлиси ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2021-и фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар маҷлис муовини Раиси шаҳри Бўстон Хуршед Сатторзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, , Ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон Ҷалолзода Миршакар Саид, вакилони мардумӣ, раисон ва аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷавонону аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Бўстон ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Кумиҷроия бо суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон Ҷалолзода Миршакар Саид ва шиноснамоии иштирокчиён ба кори худ оғоз намуд.

Тибқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон Ҷалолзода Миршакар Саид оид ба натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон шунида шуд. Қарорҳои дахлдор дар ин самт қабул гардида, Кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии назди он вазифадор гардиданд, Ҳамзамон, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ Ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон ба музокира баромада, фаъолияти Кумиҷроияи шаҳриро дар ин муддат хуб арзёбӣ намуд. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи Кумиҷроияи шаҳрӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии назди Кумиҷроия вогузор гардид.

Аз рўи масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Табиб”-и назди Кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоии мазкур шунада шуд. Дар ин замина, қарори дахлдор қабул гардида, назорати он ба зиммаи Кумиҷроияи шаҳрӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии “Табиб”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон гузошта шуд.

Аз рўи масъалаи саввуми рўзномаи маҷлис, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон барои фаъолияти нимсолаи дуюми тасдиқ гардида, назорати он ба зиммаи Кумиҷроияи шаҳрӣ вогузор карда шуд.

Аз рўи масъалаи чоруми рўзномаи маҷлис, Муллоев М.Т – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон оид ба рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2022 баромад намуда, маълумоти муфассал дар ин самт дод. Қарори дахлдор ҷиҳати иҷроиши нақшаи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли соли 2022 (муҳлат то охири моҳи июли соли ҷорӣ) қабул гардид.

Ҳамзамон, Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Сатторзода Хуршед муовини Раиси шаҳри Бўстон баромад намуда, машварат ва маслиҳатҳои муфид ҷиҳат ҷоннок намудани фаъолияти самтҳои зикргардида, ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *