Рубрики
Uncategorized

БӮСТОН: Падидаи ифротгароӣ миёни ҷавонон – омилҳо ва сабабҳо

Ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст.  Он на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад.

Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои дорои характери ифротиву террористӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҳама дахшатбортарини онҳо ин созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», инчунин ҳаракати «Ҳизб-ут-Таҳрир», ҳаракати «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудаанд) мебошанд.

Ҳадафи ифротгароён ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ кумаки молиявӣ расонида мешавад.

Ифротгароӣ вобаста аз хусусиёташ навъҳо ва шеваҳои гунонгунро доро буда, дар робита ба Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва маҳзабӣ бештар роиҷ аст.

Мавриди ёдоварист, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ дар доираи Ислом ва зери ниқоби он низ зуҳур карда, ҳар ҷое, ки он пайдо гардад, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад- бунёди давлати «Хилофат». Тибқи нақшаи пешакии таъсиси «Хилофат» аз ҷониби созмони даҳшатангези ба ном «Давлати исломӣ» (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудааст), он аслан бар зидди кишварҳои низоми дунявӣ ва демократӣ равона гардидаву онҳоро бо роҳи зурӣ тобеи «Хилофат»-и худ намуданист.

Ногуфта намонад, ки барои анҷом додани амалҳои носолими худ ин гурӯҳи даҳшатангез асосан аз нерӯи ҷавон ва билхоса ҷавонони бесавод ва ноогоҳ истифода мекунад ва онҳоро бо ҳар роҳу восита ба доми худ меафкананд.

Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ гуногунанд —муҳоҷирати меҳнатӣ, хусумати мазҳабӣ ва ё динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷамъият, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ шудан, содир намудани ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо ва ғайраҳо мебошад.

Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки ҳарчанд вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, пешгирии онҳо имрӯзҳо ба вазифаи аввалиндараҷаи  умумимиллӣ  табдил ёфтааст.

Тавре гуфта шуд, омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба раванди танзимнашудаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фаҳмиши нодурусти моҳияти дин вобаста мебошад. Дар бештари маврид ҷавононро бино бар сабаби надоштани саводнокии динӣ фиреб мекунанд. Дар маҷмуъ, сабабу омилҳои ҳамаи ин иллатҳо ба тарбияи нодурусти ҷавонон рабт пайдо менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои муассири дар самти мубориза бо ифротгароӣ андешидашуда ҳоло низ бетарафӣ миёни сокинон ба мушоҳида мерасад.

Тибқи сарчашмаҳо, имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ чунин мушкилоти усулӣ дар мубориза алайҳи ифротгароӣ мавҷуданд, ки роҳи ҳалли худро тақозо доранд:

Якум, норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ. Яке аз роҳҳои пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ифротгароӣ ин таъсиси марказҳои машваратӣ барои шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ буда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сокинон бештар ба хизматрасониҳои ҳуқуқиву равонӣ (психологӣ) ниёз доранд;

Дуюм, камбуди таваҷҷуҳ ба тарбияи кӯдакону наврасон дар мактаб ва оила. Аксари мушкилоти имрӯзаи ҷомеа аз нокифоя будани тарбия сар мезанад. Асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, ки иқдомҳои комилан дигар ва муосир дар тарбияи кӯдакону наврасон рӯйи даст гирифта шаванд. Мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносонро зарур аст, ки маҷмуи чунин иқдомҳо ва усулҳоро таҳия кунанд. Дар ин самт омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта аз аҳамият холӣ нест;

Сеюм, аксаран, ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин таваҷҷуҳи махсус ба худи шахсони осебпазир равона карда намешавад, дар ҷаласаю ҳамоишҳо ва мулоқотҳо фаъолон ҷамъ мешаванд, ки барои онҳо ин масъала актуалӣ нест. Кӯшиш бояд ба харҷ дод, ки дохили толор ё аудитория «нав» карда шавад. Аз назари илми равоншиносӣ ба назар гирифтани вижагии иштирокчиён муфид хоҳад буд, зеро кори маърифатӣ нишонрас мешавад;

Чорум, идома додани иқдомҳо дар самти бунёди иншоотҳои варзишию маърифатӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои  мардумӣ ва умуман ҳунармандӣ низ аҳамияти бузург дорад, зеро ҷавононро бо шуғл таъмин намудан мутамарказии зеҳниро ба вуҷуд меорад ва онҳоро бештар амалгаро мекунад, онҳо ба кори барои худашон ва барои ҷамъият фоиданок ҷалб мешаванд, бекорхӯҷагӣ ва беҳудагардӣ намекунанд, на танҳо ба қавле «нони худро меёбанд», балки миёни аҳли ҷомеа нуфузу эътибори мусбат пайдо мекунанд. Дар ин самт, барои мисол, рушд ва оммавӣ гардонидани шоҳмот низ муҳим аст. Аз як тараф ин навъи дар ҷаҳон машҳури варзиш чун навъи қадимии бозиҳои миллии мо таблиғ ва ривоҷ мебинад, аз тарафи дигар зеҳнияти ҷавонону наврасон қавӣ мегардад, барои ташаккули қишри зиёии техникӣ низ мусоидат карда мешавад ва, аз ҳама муҳим, ин кор барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъсири нек мерасонад.

Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2017 зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш дар бораи зарурияти дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намудани дарси шоҳмот ва ба ин хотир таҳия ва чоп кардани китобу дастурҳои таълимӣ таъкид намуда буданд. Баъди он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимӣ ва китоби дарсии «Асосҳои шатранҷ»-ро ба чоп расонд;

Панҷум, барои боло бурдани эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки шабакаи телевизионӣ ё радиои маҳаллӣ доранд, мулоқот ё гуфтугӯи мустақими раисони шаҳру ноҳияҳоро бо мардум гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон мушкилоти худро гӯянд ва роҳҳои ҳалли онҳо ҷустуҷӯ шавад;

Шашум, яке аз роҳҳои дигари пешгирии ифротгароӣ ва паст намудани сатҳи он таъсири ҷонибҳои манфиатдор ба афкори ҷамъиятӣ аст. Бинобар ин, лозим аст, ки иқдомҳои амалӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар мамлакат роҳандозӣ карда шавад.

Хулоса, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузургеро доро мебошанд. Бахусус, аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ зарур аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуктаи меҳварӣ бошад.

ТОЛИБЗОДА Мухтор Толиб

Мудири шуъбаи таблиғот

ва иттилооти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *