Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Қувваҳои мусаллаҳ – ифтихори миллат

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи барқияи телефонии кумиҷроияи вилоятии ҳизб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон чорабинӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ ифтихори миллат” дар қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Исмоилзода Зуфар Муртазохон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сатторзода Хуршед муовини Раиси шаҳри Бўстон, Ҷалолзода Миршакар Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Набизода Мадина Раҳмат директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон ва Муҳаммадиева Фирӯза мудири шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Бӯстон, роҳбарияти қисми ҳарбии мазкур, ҷавонони синни даъвати аз ҳисоби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, бо 29 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд. Зимни чорабинии мазкур Ҷалолзода Миршакар Саид Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баромад намуда, ҳозиронро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тахният намуданд. Қайд гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳ ифтихори миллат буда, дар тӯли фаъолияти бомаром дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ исбот намуданд.

Ҳамзамон, аз тарафи сарбозон намоиши машқҳои низомӣ бо маҳорати баланди касбию хизматӣ гузаронида шуда, дар фарҷом, техникаҳои ҳарбии ҷангӣ мавриди намоиш қарор гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *