Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Истиқлол рӯйдоди муҳими таърихӣ

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои ҳар як нафар мардуми тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

Сокинони кишвари азизамон имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва суруди миллӣ гардидем.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик ба ҷанги таҳмилӣ рӯ ба рӯ гардид. Хоинони миллат барои манфиатҳои шахсиашон падарро бо писар, додарро бо бародар, духтарро бо модар ва халқро ба ҳамдигар ҷанг андохтанд. Ҷуйборе, ки солҳои сол оби софу мусаффо ҷори мешуд, ғарқи хуни миллати тоҷик гашт. Хоинон номи Исломро ниқоб карда халқро сарнагун мекарданд.

Соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз вакилон Пешвои муаззами миллатро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омданашон кӯшиш намуданд, ки мардумро сарҷмъ намуда, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшанд. Ҳамин тавр ҳам шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд.

Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат ва мардуми сарбаланди миллати тоҷик 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг низ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500 солагии Саразм, 700 солагии Камоли Хуҷандӣ бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон – Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Тоҷикистони азизам сарҳадат беканору устувор, мардумонат сарбаланду шодмон, Парчамат парафшону Ваҳдатат пойдор ва Истиқлолат бо Пешвои миллат ҷовидон бод.

БАРОИ ОБОДИИ ФАРДОИ ВАТАН БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ПЕШ!

Акбарзода Маъруф – Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *