Рубрики
Uncategorized

Б.ҒАФУРОВ:Мақоми занон дар идоракунии давлат ва фаъолнокии иҷтимоии онҳо

                            

    Таҳти ин унвон тибқи нақшаи чорабиниҳои КИВ ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Модар санаи якуми марти соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии минтақаи Дадобой Холматов мизи мудаввар бо иштироки мутахассиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ Мирзохоҷаева Азиза, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳоҷибоева Ӯғулой, вакили вилоятӣ – Қаландарова Махсуда,мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи вилоятӣ Солиева М, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуҷанд” Қоситова Ӯ  баргузор гардид.

   Муовини раиси ҷамоати деҳоти Д.Холматов Шарифхоҷаева Р ҳусни ифтитоҳ бахшид.Сипас,ба самъи ҳозирин табрикоти раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, табрикоти раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ва табрикоти раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Амирҷон Анварзода расонида шуд.

   Инчунин, аз рӯйи барнома дар мавзӯъҳои “ҲХДТ ва нақши занону бонувон дар татбиқи ғояҳои он”,  “Мақоми занон дар идоракунии давлат ва фаъолнокии иҷтимоии онҳо “ ,  “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои бонувон”,  “Нақши занон дар ҷомеа” баромадҳои пурмуҳтаво шунида шуд.

   Дар ҳақиқат, бонувон, ки такягоҳи ҳамешагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, дар фаъолияти ҳизбӣ низ пайваста дар мадди  аввал қарор доранд. Имрӯз дар қатори занони шарафманди тоҷик  бонувони ҳизбии ноҳия низ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо як дарки масъулият эҳсос мекунанд ва баҳри гул-гулшукуфоии мамлакати ҷоноҷон меҳнати суботкорона мекунанд.

   Дар ин чорабинӣ аз тарафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 ва тарбиятгирандагони Кӯдакистони№14 барномаи адабӣ пешкаш гардид.

    Дар охир ба якчанд нафар фаъолон  дар вазъияти тантанавӣ “Сипоснома” ва ба аъзоёни нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *