Рубрики
Uncategorized

Б.Ғафуров: Аксия “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”

Таҳти ин унвон дар МТМУ№33 , ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сангин Ҳоҷӣ” чорабинии идонаи фарҳангӣ, бахшида ба ҳафтаи “Поси хотир” ва Рӯзи Ғалаба баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонони олиқадр мудири маорифи ноҳия Бобоева Дилбар Домуллоевна, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М, Раиси ҷамоати деҳоти Ёва Қаҳҳорзода Далер, муовини Раиси ҷамоат Холматова Р, оилаҳои иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд, ки боиси сарфарозии тамоми кормандони муассиса гардид.

Сараввал сарвари муассиса Турсунзода Мадинахон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонро хайра мақдам гуфт. Инчунин Раиси ҷамоати Ёва Қаҳҳорзода Далер аҳли нишастро бо Иди Ғалаба табрик намуд.

Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ аз тарафи хонандагони муассиса оғоз ёфта, ҳамаи баромадчиён хеле бомасъулияти баланд иштирок намуда, бо шеъру суруд, рақсу тарнаҳои худ, дили ҳозиринро хеле шод намуданд. Махсусан сурудҳои замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар иҷрои хонандагон хеле хуб ва таъсирбахш сароида шуд.

Саҳнае, ки аз тарафи синфҳои 11 намоиш дода шуд, аз давраи ҳамон солҳои мудҳиш гирифта шуда, хеле таъсирбахш ва ба дараҷаи олӣ иҷро карда шуд.

Чорабинӣ бо иҷрои суруди умумӣ дар васфи Ватан, дар иҷрои тамоми иштирокчиён ба охир расид.

Сипас, мудири маорифи ноҳия, ба сухан баромада, ҳамагонро бо ҷашни бузурги Ғалаба шодбош гуфтанд. Инчунин масъули кумитаи иҷроия Солиева М баромад намуда, табрикоти Раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявиро ба саҳми ҳозирин расонида, аз фурсат истифода бурда, миннатдории худро ба сарвари ҷавону кордону фаъоли муассиса барои ташкили ҷунин чорабинии таъсирбахшу хотирмон ва намунавӣ ва инчунин корҳои ободонӣ дар муассиса баён намуд. Дар охир дар вазъи тантанавӣ озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзуи “Арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат” ҷамъбаст гардида,, ғолибони озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаи кумитаи иҷроия сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *