Бо ҳидояти Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизбиён ғамхорӣ ва дастгирии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳоеро, ки дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашидаанд муҳимтарин самти кори хеш қарор додаанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҲХДТ ва гиромидошти хизматҳои арзандаи ҳомиёни Ватан санаи 06 май раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Хобилов Аҳмадҷон ва Умурзуқов Эшбойро аёдат намуданд.
Ҳангоми сӯҳбат ин пирони хирад ва фидокор аз корнамоиҳои ҷангии худ ёдовар шуда, миннатдории хешро сараввал ба Пешвои муаззами миллат баён намуданд ва дар ҳаққи мардуми сарбаланди кишвар дуои хайр намуданд.