Аз рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои тақдири минбаъдаи давлати Тоҷикистон эҳсос мешуд. Дар Иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, ба ватан баргардонидани гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст додаанд, инчунин беш аз 70 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун, фаъолияти мунтазами мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ заминаи боэътимод гузоштанд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардидаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии дар иҷлосия интихобгардида барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд.
Ҳанӯз дар рафти Иҷлосия алалхусус дар баромадҳои Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои асосӣ ва стратегияи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи фарҳанги ҳуқуқӣ муайян шуданд. Эъмори давлати ҳуқуқбунёдӣ демократӣ ва дунявӣ, ташкили ҳокимияти нави давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии арзандаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ, ривоҷи соҳибкорӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, гузаштан ба низоми нави сиёсӣ, волоияти қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ дар асоси эҳтироми принсипҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама дахолат накардан ба кори ҳамдигар ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн дар маҷмӯъ аз ҷумлаи он арзишҳои ҳуқуқӣ буданд, ки ҳанӯз дар рафти фаъолиятии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат эълон шуда буданд.
Ҳамин тариқ, қабл аз қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси он Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ чун самти стратегии инкишофи минбаъдаи кишвар муайян гардида буд. Ин ғоя ва ҳадафи миллӣ дар матни Конститутсия нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 низ сабт гардида аст.
Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.