Рубрики
Uncategorized

Вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушду тавсеаи он

Дар ҳамин мавзуъ барои шунавандагони курси бозомӯзӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва сардори Сарраёсати макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Сӯҳроб Қудратов маърӯза намуданд.Гуфта шуд, ки татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуд. Аз аввали солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти низоми иқтисодиёти миллиро тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро анҷом дод. Дар ин самт барои гузаронидани ислоҳот қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайянкунанда ва танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодӣ қабул шуданд. Мавриди тазаккур аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо мақсади пайгирии раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва тарҳрезии ҳадафҳои муосири иқтисодӣ тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз ҷумла, Шӯрои миллии рушд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, он таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекунад ва самту ҳадафҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро муайян менамоянд. Маърӯзачиён ишора намуданд, ки барои мушаххас кардани нақшаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дурнамо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Дар асоси ин Стратегия нақшаҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳам мувофиқ гардонида мешаванд, ҳадафҳои умумимиллӣ дақиқ, вазифаҳо ва нақшаҳои амал муайян шуданд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим мақсади ниҳоии гузариши мамлакат аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ гузошта мешавад.Иштирокчиёни курс ҷиҳати ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни моликият, ташкили намудҳои мухталифи пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ҷорӣ намудани пули миллӣ, озод намудани нархҳо, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ барои тақвияти иқтисодиёти Тоҷикистон ба саволҳои худ посух гирифтанд.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар самтҳои макроиқтисодӣ ва соҳаҳое, ки ба имконияту захираҳои мавҷуда асос ёфта, хусусиятҳои минтақавии кишварро муайян мекунанд ва хусусияти амнияти иқтисодӣ доранд, талош менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *