Рубрики
Uncategorized

ВАРЗИШ ОМИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Дирӯз тибқи нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”–и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба варзиш ҷалб намудани ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбии шаҳр мусобиқаи варзишии намуди футбол баргузор карда шуд. Чорабинии мазкурро мудири шуъбаи ташкилӣ Ҳоҷиев Фирӯз ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан”-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Раҳимов Маҳмудҷон ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории мусобиқаро баён дошт. Зимни чорабинии мазкур донишҷӯён маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, барои ғолибияти дастаи худ талош варзиданд.

Дар натиҷаи рақобати бомаҳоратона ҷои якум насиби дастаи футболбозони Коллеҷи омӯзгории ба номи “Мирзо Турсунзода”-и шаҳр гардид. Дастаи Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров бошад соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи Коллеҷи тиббии шаҳр соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дастаҳои ғолиб бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *