Имрӯз дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ маҳфили адабӣ таҳти унвони “Вассофи сулҳу дӯстӣ” бахшида ба 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барпо гардид.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ сарвари Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ҳусни оғоз бахшид. Иштирокчиён бо ҳаёт ва фаъолияти шоири шаҳир Мирзо Турсунзода бо воситаи филми ҳуҷҷатӣ шинос гаштанд. Дар маҳфил донишҷӯён аз ашъори шоир Мирзо Турсунзода шеъру достонҳо қироат намуданд. Якчанд нафар донишҷӯён достонҳои “Ҷони ширин”, “Чароғи абадӣ”, “Сайёҳи Ҳинд”, силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон”-и шоирро ба пуррагӣ аз ёд хонданд.
Дар баргузории маҳфили адабӣ омӯзгорон Адҳамова Дилором, Ғаффоров Абдуҳаёт, Яҳёева Фарзона саҳми арзанда гузоштанд. Дар охири ҷамъомад ба иштирокчиёни фаъол Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.