Рубрики
Асосӣ

ВАТАНДУСТӢ ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар қисмати дуюми рӯз, дар ҳошияи баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар мавзӯи «Ватандустӣ (Патриотизм)-ҳамчун омили таҳкими истиқлоли давлатӣ» бо иштироки Муовини Раиси ҲХДТ, Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва намояндагони вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш мизи мудаввар доир гардид.

Чорабиниро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфи ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мафҳуми ватандустӣ аз истилоҳи худшиносӣ реша гирифта, падидаест, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои рӯҳиву равонии афроди ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат мебошад. Ғояи худшиносиву худогоҳӣ моро водор месозад, ки чеҳраи миллӣ, расму русум ва одобу фарҳанги халқи худро ба таври шоиста ба оламиён муаррифӣ намоем.

Дар идома, маърузаи роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Хонзода Абдураҳмон ба самъи иштирокчиёни курси бозомӯзӣ расонида шуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки мафҳуми ватандӯстӣ ҳисси дилбастагӣ ба ҷойу макони зист, эҳтиром ба забони халқ, ҳимояи шаъну шараф, озодӣ ва истиқлолият, ифтихор аз дастовардҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихии Ватан, масъулият баҳри ояндагон, қобилияти таҳкими қудрат ва шукуфоии Ватан, инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, арзишҳои умумибашариро ифода мекунад. Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад.

Дар баромади худ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрзода Шукрулло масъалаи дар роҳи ватандустӣ тарбия кардани ҷавонону наврасон, зиёд намудани иттилооти наврасон оид ба дастовардҳои замони истиқлоли кишвар ва нақши онҳо дар ҳаёти имрӯза, шиносии хонандагон бо хизматҳои нишондодаи фарзандони бонангу номуси ин ватан ва тақвияти ҳувияти миллиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Баротов Исроил ва Равшаналӣ Фируз, кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат зикр намуданд, ки омӯзиши таърихи давлату давлатдорӣ ва омилҳои ахлоқӣ барои ҳувияту худшиносии миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ мусоидат намуда, арзишҳои ахлоқӣ барои таҳаввулу ташаккули маърифати инсонӣ ва ба камолоти маънавӣ расидани он замина хоҳанд гузошт.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чоршанбезода Сураҷ атрофи масъалаҳои тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои маърифатӣ ибрози андеша намуда, тазаккур дод, ки таҳия ва қабули Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон маҳз бо ибтикори Сарвари давлат тамоми самтҳои асосии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро фаро гирифтааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Меликзод дар суханронии худ нуктаеро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид ёдоварӣ намуданд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат-аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию хушёрии сиёсӣ, хисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад».

Сипас, ҳамоҳангсози миллии Ҳаракати ҷаҳонии шеър Абдуқаҳҳори Қосим дар суханрониашон таъкид намуданд, ки инсони накуро аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар интиҳо бори дигар ёдовар шуданд, ки ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои пойдор дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат буда, сарвати муҳимтарини маънавии шахсият, сатҳи баландтарини рушдро тавсиф менамояд ва худро дар татбиқи фаъоли худ ба манфиати Ватан нишон медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *