Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТИҚЛОЛ: “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ХУШБАХТИҲОСТ”

АНДЕША: Дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, зербинои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат, сулҳу амониву тинҷӣ, ваҳдати миллӣ, субот беҳтарин ва арзишмандатарин дастовард ва муқаддасот барои инсон мебошад, зеро аз сулҳу ваҳдати миллӣ дигар ҳама кор ва нақшаҳои нек сарчашма мегиранд ва агар дар раванди зиндагонӣ ҳам гӯем дили инсон аз сулҳу ваҳдат ва амният оромиш мегирад ва даст ба кору фаъолият гарм мешавад, вагарна, ҳаёт чун торикистон аст.

24 сол муқаддам дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик низ ин падидаи софу беолоиш, ин натиҷаи заҳматҳои ватандӯстона ва дурандешона, яъне Рӯзи ваҳдати миллӣ ба миён омад ва ростӣ сокинони кишвар бо умед ба ояндаи нек маҷрои зиндагии хешро тағйир доданду комёбиву хушбахтиҳои навин рӯйи кор омаданд. Зеро дар ин марзу бум хандаи беиллат, шодиву нишот ва орзуҳо қариб ба нести рафта буд.

Душвор буд, дар ҳақиқат душвор. Ҷанге, ки бештар аз 150 ҳазор нафарро кушт, 1 миллион нафарро муҳоҷири иҷборӣ кард, 500 ҳазор нафар кӯдаконро бесарпаноҳу бекас кард ва хисоротҳои дигари равонӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ҳисобшаванда нестанд ба сари ин мардум овард, тамоми умедҳоро ба рахтбандӣ аз ин хок қоим карда буд.

Ва хушбахтона ба ин ҳама бедодгариҳо ваҳдати миллӣ анҷом бахшид ва дар дилу дидаи мардуми кишварамон чун оби ҳаёт нақш бастааст. Дар мавриди сулҳ навсандаи машҳур Марк Твен менависад, ки “ Сулҳ, хушбахтӣ, бародарии одамон асоси талаботи ҳаёти комил мебошад.” Дар ба даст омадани ин азми қавӣ ва роҳи ноёбу қиммат ва мавҳуми асосии ҳаёти имрӯзаи мо нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосӣ аст. Зеро бо иродаи бузурги ватандӯстона ва ҷавонмардона Сарвари давлатамон тавонистанд бо қувваҳои даргир ва мусаллаҳ давоми 40 моҳ гуфтушунид анҷом диҳанд ва ин хидматҳо ва дилу нияти пок ва муҳаббат ба Тоҷикистон натиҷаи дилхоҳ дод ва 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани ин Созишнома раванди рушди босуботи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, худшиносии миллӣ, маърифатпазирӣ, ободиву озодӣ ва амният дигар бора ба Ватани азиз баргашту Тоҷикистони азиз қомат рост кард.

Агар Истиқлолияти давлатӣ муқаддасоти аввалия барои миллати тоҷик бошад пас ваҳдати миллӣ ҳамболу ҳамсони ӯст. Ҳифзи ягонагии миллатро танҳо ваҳдати миллӣ тавонистааст ба ҷомеа бирасонад. Ба дурустӣ қайд бояд кард, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшид.

Қайд бояд намоям, ки ҷанг дар ягон марзе ё манзиле ба фоидаи инсон набуда, фақат метавонад зарари ҷисмониву руҳиву иқтисодиву иҷтимоӣ расонад. Махсусан дар кишвари мо он давра ҷанг хисороти ногуфтанӣ овардааст. Наворҳои тариқи телевизион инъикосшуда, ки бозгӯи ҳамон солҳост, хотираҳои шадиди мардум аз он рӯзҳоро вақто тамошо мекуниву мефаҳмӣ, хулоса танҳо ҳамин аст, ки ҳиммат, ҷавонмардӣ, некбинӣ, дӯст доштани миллату Меҳан ҳама ба тавоноии Пешвои миллат зам гардидаву ҷони худро дар хатар гузоштаанд. Пеши роҳи ҷанг гирифтан на кори осон буд дар такя бо мардуми ҷангзада ва саргардон!

Ҳоло кунун бархе аз нокасон дар хориҷи миллат ба бадбиниву туҳматбофӣ машғул гаштаву чанде ҷавони бетаҷрибаву гумроҳро, ки аз г.. бештар нестанд ҳамроҳи худ гирифта, миллату ватан мехонанд. Бовар дорам, ки ин чоплусакҳо агар замони ҷанги шаҳрвандӣ мебуданду овезон ҷасадҳои даридашуда, занҳои қисм-қисм кардашуда, ҳавзҳои пур аз мурда ва дигар ҷиноятҳо, ки қариб ба рафтори маъмулӣ одат шуда буданд медиданд мефаҳмиданд, ки осон набудааст “ҷор”-ҳои беҳуда ва мушт бардоштан. Имрӯз Кабириву дигару дигараш даъвои миллат мекунад ва тарафи дигари сулҳро ба Оппозитсия шабоҳат медиҳад. Агар тарафи дигар ин миллатро эҳтиром менамуд хунрезӣ мекард. Террористони мусаллаҳро аз кишварҳои исломӣ даъват мекард? Зидди кӣ?

Бо ифтихор қайд менамоям, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳастанд ва ин рисолати он кас нақшаи кору фаъолияти ҳар як сокини бонангу номуси Ватан ҳаст.

Касе, ки ноҷуриҳои он давраро таҳаммул кард, давлати паснишаста аз тамоми соҳаро ба ҷону дил қабул кард, ҷоннисориҳо, худшикастанҳо ва дигар амалҳои инсондӯстонаро барои ин Ватан анҷом дод ва асосан худро фидо кард, кист? – Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба ҳамин хотир бояд аз ин сиёсати созанда ва дурбинонаву ватандӯстона ҳимоят намоем, ки қарзи фарзандии мост. Мо бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем!

Поянда бод, сулҳу осоиштагӣ дар кишвар!

Поянда бод, сиёсати дурбинона ва меҳанпарварона.!

Муҳаммадҷон НИЁЗЗОДА,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *