Рубрики
Uncategorized

ВАҲДАТ КАФИЛИ САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ

        НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ғозиён   аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Абдуваҳҳобов Абдусабур ва намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани  24-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд   тибқи нақшаи тасдиқгардида мулоқот доир намуданд. Дар баромад қайд гардид, ки бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омарда, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Музокироти байни тоҷикон, ки ҳайати Ҳукуматро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо сарпарастии СММ роҳбарӣ менамуданд, 16 январи соли 1994 баргузоргардид. Инчунин дар рафти мулоқот доир ба натиҷаҳо аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам  Шавкат Мирзиёев ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вилояти Суғд гуфта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *