Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст,
Вале касе, ки хиёнат кардааст бахшидан нахоҳад шуд.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти осоишта ба сар мебарем. Мо аъзоёни фаъоли гурӯҳи тарғиботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ба номи “Ваҳдат” аз давлату ҳукумат ва роҳи пешгирифтаи миллат, ки бо ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста нигаронида шудааст, мамнунем ва озодона кору фаъолият мекунем.
Баъд аз шунидани хабари нохуш оиди бесарусомониҳое, ки дар як кунҷи диёрамон рух дода истодааст, моро бетараф намегузорад. Моро корҳои ноҷавонмардонаи Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир барин шахсони нохалаф, ки беҳбудию тинҷӣ ва амонии кишварамонро халалдор месозанд, дар ҳайрат гузошт. Нисбати фаъолияти хоинонаи Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир ва ҳаммаслаконаш гурӯҳи тарғиботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо эҳсосоти пурғазаби худро исрор намуданд.
Имрӯз мо равшанфикрони ҷомеа бо ғурури ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ин хоинони ватан гуфтанием, ки дигар фазои давлати сулҳбунёдамонро ноором насозед. Нақшаи бадхоҳонаи худро, ки муҳити ороми ҷомеаи моро вайрон месозад, амалӣ карда наметавонед. Хуб мешуд, ки сафи ин хел шахсиятҳо несту нобуд гардида, симоҳои ватандӯстона ва ҳамидаи инсони аз қабили ватанпарвару худогоҳ зиёд гардад.
Мо ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқ гуфта метавонем, ки муқобили ин гуна шахсиятҳо доимо мубориза бурда, баҳри гул – гул шукуфии ватани азизамон омода ҳастем. Мо хоҳони сулҳу амонӣ тинҷиву осоиштагӣ мебошем.
Аъзоёни фаъоли гурӯҳи тарғиботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ба номи “Ваҳдат”-и ноҳияи Ашт