Рубрики
Last News

ВОРУХИ МО ПОРАЕ АЗ ТАНИ МОСТ!

Имрӯз саросари шабакаҳои иҷтимоӣ бо мавзӯи Ворух ҷилои тоза пайдо намуда истодааст. Чунон ки ҳамаи мо медонем, ки рустои абармардони илму адаб – Ворух дар як гӯшаи дурдасти шаҳри бостонии Исфараи вилояти Суғд мавқеъ дошта, аз замонҳои қадим мансуб ба замини тоҷикон дониста мешуд ва ҳаст. Лек бо вуҷуди наздикии ин пораи замини тоҷикон ба меросбарони мулки Чингизхон онҳо кӯркӯрона мехоҳанд ин порчаи замини Тоҷикистонро зери тасарруфи худ дароваранд. Лекин ин амри муҳол аст, бо вуҷуди он ки имрӯзҳо афсонаҳои рангин дар ин бобат хеле “маъруф” гардидааст.

Баъзе аз навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, ки шимоли ин кишвар маҳсуб мешавад бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз муайяну мушахас нашудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Аммо чунин номуаянӣ гоҳе вақт ба рухдоди низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо боис мешавад.

Бовар дорем ки Ворухи мо аз мост ва ҳамчун замини мо ба ояндаҳо боқӣ мемонад!

Умедҷони Амонӣ

Аъзои фаъоли ТҶ ” Созандагони ватан”- и

назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *