Рубрики
Last News Мақола

ВОРУХ ЗАМИНИ АҶДОДИИ МОСТ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон то ҳанӯз даҳшати ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро фаромӯш накардааст ва шукрона аз он мекунад, ки дар натиҷаи ҷонбозиҳои сарвари одилу оқил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳи пойдор расидааст. Халқи фарҳангдӯсту сулҳпарвари мо аз азал тарафдори сулҳу дӯстӣ буд ва боре ҳам ба сӯи миллати дигар бо чашми ғаразхоҳона нигоҳе накардааст.

Мардуми тоҷик асрҳои аср дар байни халқҳои атроф хату савод, фарҳанг, одобу услуб паҳн кардаанд. То инқилоби октябр дар ӯбаи туркманҳо, дар қишлоқи ӯзбекҳо, дар авули қазоқҳову қирғизҳо ҳар ҷо мактабе бошад, аксаран мактабдор аз тоҷикон буд, ҳар ҷо муллое ба назар расад, низ аксаран тоҷик буд, калонтарин муллоҳои ин халқҳо ҳамонҳое буданд, ки дар мадрасаҳои Бухоро дар дасти мударрисони тоҷик таҳсил дидаанд… (нависандаи машҳури туркман Бердӣ Карбобоев)

Ворух як пораи Тоҷикистон аст ва ин марзи кишвар чун ҳар пораи кишвари азиз барои мо муқаддас мебошад.

Муноқиша ва нофаҳмие, ки миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадаанд, боиси норозигӣ, нороҳатӣ, нооромиҳои мунтазами ҷомеа шуда истодаанд. Бо барангехтани низоъ ва нофаҳмиҳо ҷониби қирғизҳо мехоҳад, ки пораи дили мо- Ворухро азхуд кунад.

Ба миён омадани баҳси дигаре, ки имрӯзҳо сари забонҳост, ин масъалаи анклав будани Ворух ва пешниҳоди иваз намудан он бо дигар минтақаи Қирғизистон мебошад, воқеан ин пешниҳоди хом ва тасаввурнопазири кишвари ҳамсоя бори дигар собит месозад, ки Қиргизистон ҳақиқати таърихии чандинҳазорсоларо инкор карданӣ ҳастанд.

Имрӯзҳо дар матбуоти даврии Қирғизистон, расонаҳои электронӣ ва ба вижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ он сару садоҳое зиёд ба миён омада, деҳаи Ворухро анклав ва дар гузашта марзи кишвари хеш меҳисобанд. Бешак, ин даъвои ҳамсоякишвар асоси воқеӣ ва таърихӣ надорад.

Мо хуб медонем, ки қирғизҳо бидуни санад даъвои заминҳои Ворухро доранд, мутаъсифона далели онҳо ҳамон марзбандиҳои маснуъии соли 1924 мебошад. Чуноне, ки олими тоҷик Нуралӣ Нурзод дар мақолаи хеш ин масъаларо баррасӣ намуда, бо руҷуъ ба сарчашмаҳои куҳани таърихӣ қайд мекунад, ки ин манотиқ «маҳалли зисти аҳолии тоҷиктабор буда, ҳатто номи он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки аслан аз ҳамин марзҳо баромада, дар интишори забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар қаламрави Ҳинд ва сарзаминҳои дигар нақши муассир гузоштаанд, метавон дар шинохти ҳаққи таърихии хеш даъвоҳое бар пояи асосҳо ва мабоҳиси илмӣ дошта бошанд» Бино ба таъкиди ин муҳаққиқ ҳатто таркиби луғавии номи шаҳри “Боткенд”, ки дар асл вожаи суғдии “Бодканд” берун омада, ба маънии шаҳри бод истифода мешавад.

Мо меросбарони ин сарзамин ҳастем ва дар қаламрави таърих ҳамеша аз марзу буми хеш дифоъ намудаем. Кунун Ворухро низ бо дилу ҷон ҳимоят хоҳем кард.

Ташрифи мардуми шаҳру навоҳии Тоҷикистон имрӯз бори дигар собит месозад, ки иттиҳоди мардуми мо иттиҳоди воқеӣ аст ва нангу номуси миллат сарболост. Ин ташаббусҳо моро водор месозад, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи Ворух бошем, зеро Ворух номуси миллати ман аст!

Ин ҷо зимни баррасии масъала мо асосан ба далелҳое такя намудем, ки донишмандон-ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ҷумла ховаршиносони рус бо такя бар маъхазҳои таърихӣ баён доштаанд ва бегумон дар осори таърихӣ мисли ин матолиби фаровони дигаре ҷой дорад, ки ҳамагӣ ба як пораи муқаддаси хоки Тоҷикистон будани Ворух мекунад. Пас, ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки Ворух хоки поки Тоҷикистон буду ҳаст ва мемонад.

Раҳмонова Н.Р. – муовини декан оид

ба корҳои тарбияи факултети инноватсия

ва телекоммуниктсияи ДДҲБСТ

Аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *