Рубрики
Last News

Ворух – як гӯшаи ободи Ватан

Ба миён омадани баҳси навбатии марбут ба Ворух имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш андохтаву бори дигар ҳисси эҳтиром ба таърихи гузаштаи ҳар сокини ба ору номуси миллатро боло гузоштааст. Ҳамин сарусадо, ки дар муносибат ба Ворух баён гардид, бори дигар ҳақиқати таърихии яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани Ворухро собит мекунад. Ҳамин як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани нофаҳмӣ дар хатти марз мешаванд. Дар охир худро ҷабрдида эълон мекунанд ба хотири ба даст овардани манфиат, ғазби замин ва ё дигар амволи ғайр!

Дар навбати аввал, ин нукта равшан ва бебаҳс аст, ки ҷониби Қирғизистон бидуни ягон асос ва ё санадҳои дар ихтиёрдошта даъвои заминҳои мазкурро мекунанд.

Як корманди Қирғизистон дар бораи табодули Ворух бо як минтақаи қирғизнишин назари худро баён намуд. Орзу мекунад, ки як тангаро ба тилло иваз кунад! Чаро барои он ки Ворух таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва ин хоки муқаддас барои мо арзиши зиёд дорад.

Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар китоби “Бобурнома”-и хеш овардааст, ки: «Ворух дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш дарахти бодоманд. Мардумаш сорт ва форсигӯяд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр». Мисли ин садҳо матлаб аз сарчашмаҳои таърихӣ метавон зикр намуд, ки ба сарзамини тоҷикон будани Ворух ишорат намудаанд.

Чӣ ҷои баҳс , чӣ ҷои нофаҳмӣ, чӣ лозим сокинони ин марзу бумро ба таҳлука андохтану чашм ба ин макони ободу куҳан “ало” кардан. Охир Ворух як порчаи ободи Ватани мост ва оромии ин марз оромии тамоми тоҷикони дунёст!

Фарзона Тоҳирова –

омӯзгори муассисаи таълимии № 21 ,узви фаъоли ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *