Рубрики
Uncategorized

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД-и вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ иштирок доштанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна ва олӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар, паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар Паём ироа гардида буд ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард.

Ҳамзамон, интихобкунандагон низ дар рафти вохӯрӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *