Рубрики
Last News

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲХДТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯИ АШТ

Санаи 24-уми феврали соли 2021 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти намояндагони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек Идибекович ва Машарипова Наргиса Мисробовна бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ашт бобати масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот намояндаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек  оид ба фаъолияти кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  Федератсияи Россия ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна гуруҳҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон қайд намуданд, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, барқарор намудани робитаи доимӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  маҳсуб меёбад.

Инчунин аз шаҳрвандоне, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки аз қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубоши худ дар қаламрави он воқиф гарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *