Рубрики
Last News

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ТОҶИКОБОД

Дар маъракаи интихобот нақши ҳалкунандаро электоратҳо, яъне интихобкунандагон мебозанд. Агар дар байни ҷомеа абсентеизми сиёсӣ (бемайлии сиёсӣ) бошаду мардум дар интихобот ширкат наварзанд, пас натиҷаи интихобот ҳеҷ аст. Аз ин лиҳоз, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ пайваста дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд. Яке аз чунин вохӯрӣ санаи 12 апрели соли 2021 дар асоси нақшаи вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қосимӣ Файзулло дар хонаи фарҳанги деҳаи Тоҷикобод бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Косимӣ Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам ва намояндаи Комиссияи ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 оид ба Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишонов Нурилло иштирок ва баромад намуданд.

Баъдан худи номзад бо Барномаи пешазинтихоботии хеш баромад намуд.

Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот фаъол буда, пешниҳоду дархостҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Аз ҷумла саволҳо оид ба таъмини оби нӯшокӣ, таъмири хонаи маркази саломатии деҳот ва зиёд намудани теъдоди синфхонаҳо дар МТМУ №10 аз ҷониби интихобкунандагон пешниҳод карда шуданд.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам ба сухан баромада аз ҳозирин хоҳиш ба амал овард, ки номзадии Қосимӣ Файзуллоро дастгирӣ намоянд ва дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории ӯ овоз диҳанд. Дар ин вохӯрӣ 50 нафар сокинони деҳаи Тоҷикобод иштирок намуданд. Вохӯрӣ дар сатҳи якдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди иштирокчиён сурат гирифт. Вохӯриҳо дар ин самт идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *