Рубрики
Last News

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ

Санаи 6 апрели соли 2021 дар асоси нақшаи вохӯриҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи №1 ва дар тарабхонаи «Раҳимӣ» вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Косимӣ Файзулло бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам ва раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов», №16 оид ба Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллоев Садриддин иштирок ва баромад намуданд.

Баъдан шахси боэътимоди номзад Расулзода Шаҳноза бо Барномаи пешазинтихоботии номзад баромад намуд.

Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот фаъол буда, пешниҳоду дархостҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Аз ҷумла саволҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва таъмини нерӯи барқ аз ҷониби интихобкунандагон пешниҳод карда шуданд.

Дар ин вохӯрӣ 180 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз иштирок намуданд.

Вохуриҳо дар сатҳи якдигарфахмӣ ва руҳияи баланди иштирокчиён сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *