Рубрики
Асосӣ

Вохӯрии судманд

   нҶаббор Расулов: Санаи 29 сентябри соли 2022 дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ аз 20 сентябри соли 2022 оид ба баргузории вохӯриву мулоқот бо мардум дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон аз 1 июни соли 2021, №187, қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485, қарори Раиси ноҳия аз 04 ноябри соли 2021, №725, “Дар бораи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҳикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ба гӯруҳҳои экстремистӣ-террористӣ бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба вазъи муноқишаи марзи Тоҷикистон Қирғизистон, ҷалби ҷавонон ба Ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар-Ватан ва сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии васеъ баргузор гардид.

Дар вохӯриҳои мазкур аъзоёни гурӯҳи кории тарғиботию ташвиқотӣ Набиев Шерзод Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Узоқов Олимҷон мудири бахши хадамоти мухоҷират дар ноҳия, Мирахмедова Шоҳсанам мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Ҷураева Ҳилола ҷониши директори МДТ Литсейи касбӣ-техникии ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ Литсейи касбӣ-техникии ноҳия иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад Мирахмедова Шоҳсанам ба сухан баромада, доир ба таҳлили раванди ташаккулёбии вазъият, густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, таҳдид ба амният, суботу оромии минтақа, таъсири идеяҳои ифротӣ миёни аҳолӣ суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромад доир ба амалҳои террористии ташкилоти террористию эктремистии “Ҳизби наҳзати ислом” дар Ҳумҳурии Тоҳикистон алалхусус хиёнати собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва дигар амалҳои ноҷавон мардонаи аъзогии ин ҳизб истода гузашт.

Инчунин Ҷураева Ҳилола доир ба масъалаи эҳё ва рушди забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат баромад намуда, қайд карданд, ки 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз 5 октябри соли 2009 Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида, дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Аз ин рӯ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад.

Дар баробари ин мояи ифтихормандии мост, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону набеғаҳо, аз ҷумла, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Анварию Хоқонӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар дурри макнуни сухан суфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо, ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *