ИСТАРАВШАН Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллахонаҳо бахшида ба 24-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ вохӯрии ҳайати гурӯҳҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ-пояи устувори давлат” баргузор гардида истодааст. Чунин вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти «Пошкет» бо сокинон баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоиёӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М. Абдуваҳҳобова ҳусни оғоз бахшид. Сипас муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадина Қодир дар бораи таърихи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва расидани мардуми тоҷик ба Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.
Мудири шӯъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд Усанов Равшан бошанд дар бораи мушкилиҳои сангини солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди диёри азизамон дар давоми 30-соли Истиқлолият, дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, мулоқотҳои Сарварони ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев гуфта гузаштанд.
Дар охири ҷамъомад Раиси ҷамоати деҳоти «Пошкент» Ҷумъаев Мӯҳсин барои иштироки фаъолонаашон ба меҳмонон арзи сипос намуд.