Рубрики
Асосӣ

Вохӯрҳои судманд оид ба масъалаҳои мубрами рӯз

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон, омӯзгорон, ҷавонон ва аъзоёни фаъоли ҳизбӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарама Замира Мунсурӣ, ходими намоёни сиёсии ҷамъиятӣ муҳтарама Шуҷоатхон Ҳасанова, доктори илмҳои филологӣ муҳтарам Нуралӣ Нурзод ва мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон ҳузур доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, суханро ба муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мунсурӣ дод.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарама Замира Мунсурӣ дар оғози сухан тамоми аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Аштро ба муносибати Рӯзи Забони давлатӣ табрик намуда, доир ба саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати тоҷикон ва ҳадафи баргузории чорабинӣ изҳори назар кард.

Доктори илмҳои филологӣ муҳтарам Нуралӣ Нурзод ва ходими намоёни сиёсии ҷамъиятӣ муҳтарама Шуҷоатхон Ҳасанова дар баромади худ оид ба тарҳрезӣ гардидани қарору қонунҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти занону бонувон, ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизим, дар бораи тарбияи насли наврасу ҷавон, истифодаи телфонҳои мобилӣ, ҷалби ҷавонон ба китобҳои бадеиву илмӣ ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳозирин махсусан, ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханҳои беасоси гурӯҳҳои мухолифин нагардида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар саҳми босазои худро гузоранд.

Мақсад аз баргузории чунин вохӯрӣ ҳимояи манфиатҳои ҳаётӣ, ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ ва дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ 10 нафар ҷавононе, ки ба сафи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аъзо шуданд, бо шаҳодатномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *