Рубрики
Last News

ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН

Санаи 20 апрели соли 2021 мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҷаматов Асқаралӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастӣ бо донишҷӯёни КМО-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ин вохӯрӣ Раҷаматов Асқаралӣ оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ифратгароиву терроризм, бемории сироятии COVID-19, мубориза бар зидди коррупсия, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *