Рубрики
Last News

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ масъулини кумиҷроия, гурӯҳҳои тағиботӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, коҳиши зуроварӣ дар оила, паст намудани шумораи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, тақвияти корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳдор”, толибилмони ташкилоти ибтидоии “Зеробод” мулоқоту сӯҳбатҳои судмандро ба роҳ монданд. Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни вохӯриҳо толибилмон аз эҷодиёти устодони боргоҳи маърифати тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Мирзо Турсунзода барномаи рангини худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳамагон гашт.

Зимни мулоқоту вохӯриҳо атрофи масъалаҳои дар болозикгардида, табодули афкор намуда, аз кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ бобати вусъати корҳои фаҳмондадҳӣ маслиҳатҳои судманд дода шуд. Вохӯриии гурӯҳҳои тарғиботӣ ва масъулини кумиҷроия дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *