Рубрики
Uncategorized

Гулистон:Вохӯри дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14

ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР,

НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР.

    Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ”муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 бо иштироки духтарони синфҳои болоӣ мулоқот доир намуданд.

     Зимни мулоқот оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон, ҷалби  духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, муассисаҳои олӣ, одобу кирдори духтарон ибрози сухан намуда корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

        Қайд гардид, ки имрӯзҳо на ҳамаи наврасону ҷавонон қоидаҳои талабагӣ ва одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддӣ мерасонад. Вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Аз ин хотир, ҳамагон вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзу ояндаро наметавон дид. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе, ё баде мегузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *