Рубрики
Uncategorized

Гулистоне дар саргаҳи кӯчаи Лоиқ

Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар мавзеи таърихии Дарвозаи Бухор, дар саргаҳи кӯчае, ки номи Шоири Халқии Тоҷикистон , устод Лоиқ Шералиро дорад, ҷойгир аст.Кормандони Кумитаи иҷроия субҳи имрӯз сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба ифтихори 80-умин солгарди ин шоири тавонои тоҷик дар канори роҳ ва саҳни бинои Кумиҷроия беш аз ҳазор бех гулҳои зебои ороишӣ шинониданд.Ҳоло ҳар нафаре,ки аз роҳи назди бинои Кумитаи иҷроия убур мекунад, аз дидани ин манзараи зебо, ки бо гулҳои садбарг, мавсимӣ ва дарахтони коҷу арча оро ёфтааст, лаззат хоҳад бурд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *