Рубрики
Uncategorized

Гулистон:Мизи мудаввар дар шаҳраки Адрасмон

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ, барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №82 аз 07 октябри соли равон ва бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи  намудани насли наврас  дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот, таблиғу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  “Дарбораи танзими аъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,пешгирии зӯроварӣ дар оила мизи мудаввар  бо  сокинони шаҳраки Адрасмон доир намуд.  Дар вохӯрӣ гурӯҳи корӣ  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, сардорони мақомотҳои дахлдор ва падару модарон  ширкат доштанд.

      Дар баромад оид ба маҳфум, моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, пошхӯрии оилаҳо ибрози сухан карда шуд. Имрӯз падару модарон бояд бо ин гуна зуҳуроти нангин мубориза баранд ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ тарбия намоянд. Ҷавонон ба қадри Ватан – Модар расида, арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоянд.
Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд. Дар интиҳо чанде нафар аз иштирокдорони мизи мудаввар  ба музокира баромада, андешаҳои хешро баён намуда, мардумро баҳри поянда нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *