Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Паём – раҳнамои миллат!

Санаи 15 феврали соли 2022 бо мақсади фаҳмонидани муҳимтарин самтҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21.12.2021 ироа гардида буд, бо аҳолии кӯчаи Мирзо Турсунзода, маҳаллаи 1-ум мулоқот доир гашт. Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Раҳимова М. самтҳои афзалиятноки Паёмро шаҳр дода, оид ба рушди соҳаи маориф, ҷалби ҷавонону наврасон ба касбу ҳунар, бо ҳамин васила пур кардани вақти холигии онҳо ва дур намудани ҷавонону наврасон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ғайриқонунӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ,  ҳуруфотпарасиӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷомеа суханронӣ намуд.

    Паёми навбатӣ таърихӣ буда, Пешвои миллат аз натиҷагирии 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ сухан намуда, иброз доштанд, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.” Моро лозим аст, ки қадри Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро дониста, аз хурди дар ниҳоди фарзандон ҳисси ватандустӣ ва хештаншиносиро парварем, насли содиқи ватану миллати хеш ба воя расонем.

     Ҳамзамон зимни мулоқот аз тарафи мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Раҷабова Г. оид ба пешгирии бемории сироятии Короновирус ва ҷалби онҳо барои гирифтани ваксина, хушунат дар оила, дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мулоқот намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *