Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID— 19 корҳои тарғиботву ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиро идома доданд. Имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳр мулоқоту сӯҳбатҳо бо шаҳрвандон ҷараён дорад. Зимни мулоқот оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, роҳи пешгирии беморӣ маълумот дода, ҷиҳати истифода аз ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ таъкид карда шуд, ки истифодаи он ҳатмист. Ҳар як шахс бояд ба ҳифзи саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Зеро солимии ҷамъият боигарии давлат аст. Гирифтани ҳар ду вояҳои ваксина шахсро аз бемории сироятии COVID—19 муҳофизат карда, қавитар мегардонад.
Маводҳои тарғиботӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуда, кор дар ин самт давом дорад.