Рубрики
Uncategorized

Гулистон:Ҳифзи ватан–муқаддас аст!

      Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки сулҳу субот ва осоиштагии мардуми худро дар мадди аввал мегузорад. Тоҷикон аз шумораи он миллатҳоянд, ки марзу буми худро азиз медоранд ва барои ҳимояи он ҷоннисориҳо кардаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки дар тулии ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он умр ба сар бурда, бо як забон сухан гуфтаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳимояаш бо душманони миллат ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш қурбонӣ гаштаанд. Ин ватани меҳрпарвар Тоҷикистон аст, ки барои ҳар як тоҷикистони муқаддасу азиз аст.

Муҳофизати Ватан, муҳофизати обу хоки муқаддаси гузаштагони мост, ки заҳматҳои пайвастаи эшон Тоҷикистони азизи моро имрӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст ва мо дар фазои осоиштаи он умр ба сар мебарем.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуданд, ки “Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд.

       Аз ин рӯ, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.

       Пас, эй ҳамватанон биёед бо ҳам сарҷамъ шуда, баҳри ҳифзи марзу буми диёри аҷдодиямон камари ҳиммат бандем!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *