Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАМИНАИ ТАҲКИМ ВА РУШДИ АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон № 5 аз 14 ноябри соли равон  бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории аксия таҳти унвони “Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро роҳандозӣ намуд.

      Санаи 16 ноябри соли 2022 аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар маркази шаҳри Гулистон зиёда аз 200 адад муроҷиатномаи иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро ба ҷавонон тақсимот намуда, ҷавононро бо санаи таърихӣ шодбош намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *