Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Аксия таҳти унвони “Роҳ ба сӯи дониш”

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои ғамхоронаи ҲХДТ, фароҳамсозии шароит, ҳалли мушкилоти табақаҳои камбизоати ҷомеа аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ҷиҳати таъмини либос ва лавозимотҳои мактабӣ дар арафаи соли хониши 2022-2023 аксия таҳти унвони “Роҳ ба сӯи дониш”-ро бо ҷалби фаъолони ҳизб, вакилон ва соҳибкорон ба роҳ монд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён  ба як идда кӯдакон аз оилаҳои камбизоат либосҳои ягонаи мактабӣ, ҷузвдон ва дигар лавозимоти хониш тақдим намуд. Ҷавобан ба ин кори хайр, кӯдакон ваъдаҳои қатъӣ доданд, ки дар мактаб хубу аъло таҳсил карда, дар оянда ба халқу Ватани худ содиқона хизмат хоҳанд кард. Ин иқдоми неки Сарвари давлатро Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба ҳукми анъана дароварда, мунтазам амалҳои хайрхоҳона мегузаронад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *