Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: АМАЛИЁТИ ҲИЗБӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон амалиёти ҳизбӣ “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”-ро идома доданд. Зимни амалиёт варақаи шахсии узви ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Зарчашма” аз ҷониби мудири бахши омор Мадина Шодиева ва шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ санҷида шуд. Ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузу мартабаи ҳизб дар ҷомеа, ҳолати нигоҳдории шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, тибқи Оиннома ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва корҳои дохилиҳизбӣ тавсияҳои муфид дода шуд. Амалиёти ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *