Рубрики
Uncategorized

Гулистон: Амали хайриявӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилал

     Санаи 18 марти соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади дастгирӣ намудани  оилаи эҳтиёҷманд  дар арафаи ҷашни  Наврӯзи аҷам амали хайриявиро ба роҳ монд.

     Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён бо модари кӯдаки маъюбдошта,  ҳамсӯҳбат шуда,  аз ҳолу аҳволи маъюб Абдуқаҳҳорова Матлуба сокини шаҳраки Адрасмон пурсон ва аз наздик шинос шуд. Ҳамзамон бо ҷашни Наврӯзи аҷам шодбош гуфта,  кӯмакпулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ расонид.

      Волидайни маъюб  аз амали хайриявӣ болидарух гардида, шукронаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ намуда,  ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосгузории хешро баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *