Вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз мураккаб шуда истодааст. Муносибатҳои байни давлатҳо оид ба марз, дахолат ба сиёсати дохилӣ ва вайрон намудани вазъи дохилии мамлакатҳо аз тарафи баъзе аз давлатҳои абарқудрат мушоҳида мешавад. Ба инҳо мисол шуда метавонад ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022-и Ҷумҳурии Қазоқистон вазъи кунунии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва вазъияти кунунии Ҷумҳурии Украина.
Дар ин вазъияти мураккаби ҷаҳон мусаламаст, ки хоинони миллати тоҷик низ мехоҳанд, ки бо воситаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна хабарҳои бардуруғу иғвоангези нашр намуда, мардумро ба таҳлука андозанд.
Вобаста ба ҳаводиси охири вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ҳар гуна хабарҳои бардуруғу сафсатаи худро дар шабакаи интернет паҳн намуда, мардуми ин минтақаи Ватани азизамонро, низоъ андохта, фазои ороми ин гӯшаи биҳиштосоро ноором намуда истодаанд.
Имрӯзҳо наҳзатиён бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш ба мисли Муҳаммадиқболу Ҳусейну Шарофиддин ва дигар пайравонашон, тариқи шабакаҳои иҷтимои худро ғамхору пуштибони миллату ватан вонамуд кардаву бо суханони бардуруғу бе асос ба иғвоангезиву бад кардани роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, мазлуму бечора нишон додани аҳолӣ диққати нафарони эҳсосиву зудбоварро, ки зиёдашон дар хориҷа мебошанд, ба худ ҷалб карданӣ мешаванд.
Хоинони миллат ҳамарӯза аз ҳар як воқеаву ҳодисаҳои рухдода, ҳангомаҳои дурӯғин бофтаву онро ба истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ, ки аксари онҳо муҳоҷирони меҳнатианд мерасонанд. Аз ин бояд ҳар фарди солимфикр андеша намояд, ки аз тамошои чунин шабакаҳо чӣ манфиате хоҳад, гирифт. Зеро дар ҳар барномаҳои ин разилону хоинони миллату давлат, ҷуз таблиғи ғояҳои зӯроварӣ, даъват ба барҳам додани сохти конститутсионии давлатӣ, чизи дигаре нест.
Вобаста агар ба вазъи вилояти Бадахшон назар андозем, ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир аз ҷониби ашхоси ҷинояткор ва бевиҷдону бемаърифат ташкил шуда истодааст, хеле нигаронкунанда мебошад. Ва ин шахсон бояд аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки таъмини амнияту сулҳу суботи кишвар вазифаи ҷонии онҳост, дастгир намуда, ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида шаванд.
Бо ин амалҳои номардона хоинони миллат бо истифода аз тамоми имконият мехоҳанд, минтақаи Бадахшонро нотинҷ ва мардуми онро сарсону саргардон кунанд. Азбаски мардумро зидди давлат бархезонида натавонистанд, ҳамаи таваҷҷуҳи худро дар ноорм сохтани минтақаи зебоманзари Бадахшон равона намудаанд. Мақсади онҳо Мухтори Бадахшонро аз Тоҷикистон ҷудо намудан аст. Зеро дар минтақаи Бадахшон ҳимояи сарҳадоти Афғонистонро гурӯҳи Ансоруллоҳ, ки дар тобеияти Толибон аст, ба душ дорад. Боиси таассуф аст, ки ҳамаи онҳо тоҷиконанд. Тассавур кунед, ки дар кишвари мо чунин ваҳшиёни хунхор иқомат кунанд, аҳволи халқ чӣ мешавад?
Бо бовари гуфта метавонем, ки аксарияти мардуми Бадахшони азиз тарафдори волоияти қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳастанд. Бародарвор гуфтаниам, ки ҳамеша бояд устуворона аз манфиатҳои миллату Ватан пуштибони намоянду ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро, ки хоинону гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба мисли ТТЭ ҲНИ, Ансоруллоҳ ва гурӯҳи 24 дар ҳар лаҳза, ва фурсати барояшон муносиб, аз тамоми роҳу усулҳо ва ҳар гуна фарди ноогоҳу гумроҳ истифода мекунанд, то нақшаи палидонаи хешро амалӣ созанд ва ба ҳадафи нопокашон бирасанд.
Мусаламаст, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдориву рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум, бояд волоияти қонунро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намоем.
Умед бар он дорем, ки тинҷиву оромӣ сулҳу субот дар ин минтақаи зебоманзари Бадахшони Куҳӣ то абад побарҷо бошад, зеро ягон шаҳрванди Тоҷикистони азизамон намехоҳад, ки дар ягон минтақаи Ватани азизамон нооромӣ бошад.
Шукри Худо, ки бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ҷанги шаҳрвандии соли 1992 мо то имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Си соли соҳибистиқлоли нишон дод, ки мо метавонем ба мақсадҳои худ дар он вақт ноил гардем, ки дар мамлакати азизамон тинҷиву оромӣ, сулҳу субот пойдор бошад.