Ҳангоми тамошои филми “Шикасти фитна” шахс ба он аблаҳон, душманони Ватан, ки оромии кишвари азизамонро намехоҳанд ба ҳаяҷон омада, нафрат мехонад. Бар зидди давлати худ, ҳамватанон ва бародарони худ баромадан хиёнаткорист. Хиёнаткоре, ки дар Тоҷикистон ба ҳаёт омадаву ба камол расидаву обу нон, ҳавои Ватан чашидаву хонда соҳиби маълумот гаштаву дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият бурда, бар муқобили Ватани худ амалҳои ғайриқонунӣ анҷом медиҳад – ноодам аст! Муҳаммадбоқир Мамадбоқиров, Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашов – масоли ин одамҳост. Филми “Шикасти фитна” бевосита исбот намуд, ки ба ҳодисаҳои хунини тайи солҳои охир дар вилояти Бадахшон рӯйдода аз ҷониби душманон Ватан, ки дар хориҷи кишвар худро пинҳон медоштанд, роҳандозӣ карда шуд. Имрӯз, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол асту сулҳу амонӣ, ваҳдати миллӣ пойдор аст ва таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз рушду нумӯъ меёбад баҳри поймол намудани он наҳзатиҳо амалҳои ваҳшии худро ба нақша гирифта, Муҳаммадбоқир Мамадбоқиров, Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашов ва дигар нафарони ҷинояткорро истифода бурданд.
Ба нафаре, ки худ аз дохили мардуми сарбаланди Бадахшон буда, ҳамватани худро тариқи дурӯғ ба доми худ гирифта, ба муқобили давлату миллат равон кардааст, кас нафрат мехонад. Дигар он аст, ки зани тоҷик ба ивази пул ба ҷинояткорӣ даст зада, шаъну шарафи модари тоҷикро поймол кард, нобахшиданист. Далелҳое, ки дар филми “Шикасти фитна” оварда шуд бисёр дақиқу ошкоркунанда аст. Ин нафарони фурӯхташудаи Ватан, аз имону виҷдону инсоф дуранд. Дар ҳолате, ки террористони наҳзатӣ дар кишвари мо чунин амалҳои террористиро анҷом додан мехоҳанду давлату миллати тоҷикро поймол медиҳанд, несту нобуд бояд кард. Номгӯи филм худ аз шикасти фитнакориҳову ватанфурӯшиву хиёнат ва амалҳои терористиву экстремистӣ далолат медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бинанд ва хулосаи худро бароранд. Фитнакор ҳамеша шикаст мехӯрад!