Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: АРТИШИ МИЛЛӢ-ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ КИШВАР

     Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 31-солагии Рӯзи таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии № 0216 воқеъ дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон бо афсарону сарбозон вохӯрӣ роҳандозӣ намуд.

      Дар чорабинӣ мазкур Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон афсарону аскаронро бо Рӯзи таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, қайд кард, ки Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди кишвар буда, ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда дар ҳимояи истиқлоли давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу Ваҳдат миллӣ нақши муассир доранд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон аст.

      Ҳамзамон, китоб бо дастхат аз номи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ба муҳофизони Ватан тақдим карда шуд. Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *