Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ -ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

      Таърихи 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Шурӯъ аз ҳамин санаи муҳиму тақдирсоз Президенти тозаинтихобгардида, масъулияти бузургро бар дӯш гирифтанд ва тавонистанд, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ҷамъи парешонгаштагонро ба ҳам оварда, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатиро таҳким бахшада, Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат вораҳонанд.

     Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри давлату миллат хидматҳои бузурге кардаанд, ки ҳар кадоми он хидматҳоро метавон бо хати заррин дар сафҳаҳои таърихи миллат ҳаккокӣ намуд. Дар тавоноии сиёсӣ ва ҳифзи марзу бум низ корнамоиҳое кардаанд, ки дар таърихи башар беназиранд. 

      Санаи 16 ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик рӯзи пурфайзу муборак аст. Барои мардуми тоҷик таҷлили ин санаи муборак аз ҳувияти миллию ватанхоҳӣ дарак медиҳад. Мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки барои хизматҳои бузургу мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи саодати миллӣ ба миён омад.  

    Мо кулли ҳизбиёни шаҳри Гулистон моҳият ва рисолати Рӯзи Президент ва нақши онро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар як сокинони кишвар меомӯзонем. Бояд аз хидматҳо ва ҷонфидоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  огоҳ бошанду дар навбати худ талош варзанд, то ба қадри он ҳама заҳматҳои Президенти кишвар, ки дар арсаи байналмилаӣ низ эътироф гаштаанд, бирасанд.

     Пешрафту мувафаққият, беҳрӯзӣ, сарфарозӣ ва пирӯзии Шумо муҳтарам Пешвои муаззами миллат орзуи ҳамешагии мост!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *