Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ

        Тибқи  ҷадвал  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   дар шаҳри Гулистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузории хонишҳои сиёсиро ба роҳ монд.

       Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Сирдарё” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №8  бо фаъолони ҳизб бахшида ба сазовор таҷлил намудани  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулон хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ”  доир карда шуд. Дар хониши сиёсӣ оид ба  дастовардҳои си соли даврони соҳибистиқлолии кишвар, заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва оиди ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Исиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *