Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Боздид аз бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Гулистон омада аз бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дидан намуданд. Ба тариқи ҳашар, бо ҷалби соҳибкорон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъуияташ маҳдуди “Авитсенна” бинои маъмурӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон қомат афрохт, ки бино иборат аз таҳхона, се ошёна ва маҷлисгоҳ барои 120 нафар ҷойи нишаст иборат аст. Алҳол 90 фисади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Корҳои пардози дохилии бино ва ободонии саҳни бино идома дорад. Барои тезонидани корҳои боқимонда Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба сохмончиён маслиҳатҳои муфид расониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *