Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Ватан муқаддас ҳаст – ӯро ҳимоя бояд!

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вусъат бахшиданд.

Зимни корҳои тарғиботӣ ва мулоқоти “Хона ба Хона” ва “Кӯча ба Кӯча” масъулон ба шаҳрвандон баён намуданд, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ буда, ба он аҳамияти ҷиддӣ бояд дод. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар натиҷаи пуштибонии гарму самимонаи мардуми сарбаландамон, бахусус ҷонбозиву фидокориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва парокандашавии миллат рафъ шуда, ҳоло мо дар фазои ором, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ зиндагӣ дорем. Ҷавононе ҳастанд, ки бо амри виҷдон ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида истодаанд. Ба шаҳрвандон даъват ба амал оварда, шуд барои сафарбар гардонидани фазандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф намонда, , ҳиссаи худро гузоранд. Ватан муқаддас ҳаст -ӯро бояд ҳимоя кард.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *