Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ВОХӮРИИ ВАСЕЪ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

       Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии васеъ дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Адрасмон” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5  бо вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №16 Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода ба вуқӯъ пайваст.Дар вохӯрӣ интихобкунандагон,  фаъолони ҳизб  иштирок доштанд. Мақсади баргузории вохӯрӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуда, сипас, гузориши муфассал оид ба фаъолияти вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Гулистон шунида шуд. Зимни вохӯрӣ инчунин оид ба  масъалаҳои мубрами рӯз ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва терроризму экстремизми байналмилалӣ, ки  дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигароникунанда ба ҳисоб меравад ва ин хатари даҳшатовару маргафкан мардуми сулҳхоҳи дунёро ба ташвиш овардааст, сухан карда, даъват ба амал овард, ки фарзандонро беназорат нагузоранд, барои тарбияи онҳо саҳмгузор бошанд.  Дар поёни вохӯрӣ  ба саволҳои интихобкунандагон  посухҳо дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *