Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Вохӯрии судмандбо фаъолони ҳизб

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғдмоҳӣ” вохӯрии судманд доир намуд.

     Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муслимахон Ҷамолиён оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият ибрози сухан намуд.  Қайд намуд, ки дастоварди бузург  дар тӯли 30 – соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи кишвари Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва моро месазад, ки дар ин ҷашни таърихӣ ҳиссагузор бошем.

Ҳамзамон бахшида ба ин санаи таърихӣ кормандони фаъоли ташкилот бо сипоснома қадрдонӣ карда шуда, пешқадамони соҳа ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *