Санаи 21 апрели соли равон дар толори Кохи фарҳанги “Лола”-и деҳаи Навободи шаҳраки Зарнисор бо иштироки номзад, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 вохӯрии васеъ бо интихобкунандагон ба вуқуъ пайваст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода зимни баромади хеш оид ба фаъолияти Ҳошимзода Раъно маълумоти мухтасар дода, ҳамзамон бо барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 интихобкунандагонро шинос намуд ва шарҳу тавзеҳ дод.