Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон бо ҷавонон вохӯрии судманд ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баргузор карда шуд. Зимни вохӯрӣ роҳбари намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, оид ба 27-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои 30 соли истиқлол, ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, 20-солаи омӯзишӣ фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон, роҳи пешгирӣ ва солим мондан аз бемории сироятии COVID-19, гирифтани ваксина ибрози сухан намуд. Ҳамзамон, оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда, таъкид карда шуд, ки дар замони имрӯза торафт муборизаҳои геосиёсӣ миёни гурӯҳои алоҳида шиддат гирифта, моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Нагузорем, ки афроди нохалафе ба тинҷиву оромӣ ва зиндагии шоистаи мардум халал расонад. Дар поёни вохӯрӣ ҷавонони фаъол фикру андешаҳои худро доир ба муҳимияти вохурии мазкур ба ҳозирин баён доштанд.
Рубрики
ГУЛИСТОН: Вохӯрии судманд
