Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бо ҷавонон вохӯрӣ роҳандозӣ намуд.

       Тарғиботчиён зимни баромади хеш дар самти ҷалби ҷавонон ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмати Модар-Ватан, бедор намудани ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ,  меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, оид  ба шарҳу тавзеҳи мақолаи коршинос  оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулло Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”,  доири масъалаи мубрами рӯз – марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон суханронӣ намуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

     Таъкид ба амал оварда шуд, ки бояд ҳар як ҷавон дорои дониши қавии сиёсӣ ва  ақидаи устувор дошта бошад. Ҷавонони саодатманди ояндасози Ватан  шукрона аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, истиқлоли давлатӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз кунанд,  кишвари аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонанд, қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоянд. Чунки фардои Ватани маҳбубамон аз ташаббусҳои наҷибу рисолатҳои бузурги ҷавонон оғоз меёбад. Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ бо ҷавонон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *