Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат дар муташакилона доир гаштани маъракаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан”-ро дар қисми ҳарбии № 0216 воқеъ дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон бо иштироки аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва ҷавонон доир намуд.
Дар чорабинӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, Баротзода Сарҳад- раиси ҷамоати Шаҳраки Адрасмон, Ҳамидҷон Турсунов- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КБХРМ Адрасмон” иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён афсарону аскаронро бо Рӯзи таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, қайд кард, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда дар ҳимояи истиқлоли давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу Ваҳдат миллӣ нақши муассир дошта, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон аст. Ҷавонон қарзи ватандӯстии худро хуб дарк намуда, баҳри ҳимояи Ватан-Модар омода бошанд. Зеро Ватан – Модар барои ҳар яки мо муқаддас ҳасту азиз.
Ҳамзамон, якчанд нафар афсарону аскарон барои хизмати содиқона ба Ватан, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Меҳмонон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонон аз шароит ва буду бошти афсарону сарбозон қисми ҳарбӣ дидан намуда, аз вазъи хизмат, ошхона, ҷои хоб ва таълимгоҳ шинос гардиданд.
Ҳамчунин ба Қисми ҳарбии мазкур маводи хӯрока дастрас карда шуда, дастархони идона ташкил карда шуд. Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.